"Телевизион танҳо барои рақсу суруд нест"
     TJ RU EN
10:07 / 2024-12-20

"Телевизион танҳо барои рақсу суруд нест"

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори телевизионҳои давлатӣ башиддат интиқод карда гуфтааст, ин дастгоҳҳои муҳими иттилоотиву тарғиботӣ дар шароити муосир рақобатпазир нестанд.

Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми феврал дар як мулоқот бо намояндагони расонаҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе садо дод. Ба ин мулоқот намояндагони расонаҳои хусусӣ ва хориҷӣ даъват нашуданд.

Бори охир президент бо намояндагони расонаҳо дар кишвар ҳафт соли пеш, дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик сӯҳбат карда буд ва дар ин ҷаласа журналистон имкон доштанд ба раиси ҷумҳурӣ саволҳои мавриди назари худро бидиҳанд.

"Чанд заъфи телевизиони давлатӣ"

Мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони расонаҳои давлатӣ ин навбат наздики шаш соат идома кард. Назар ба иттилои расмӣ ва ҳам сӯҳбати ширкатдорон, президент бештар аз кори телевизионҳои давлатӣ интиқод кардааст. Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси саривақтии ҳодиса ва воқеаҳои олам дар телевизиони давлатии Тоҷикистон суст ба роҳ монда шуда, аксар маврид журналистон бе тайёрии пешакӣ ба эфир мебароянд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар телевизионҳои давлатӣ намоишҳое, ки ҳар ҳафта тамошобин интизор шавад, қариб, ки дида намешаванд. Бар асоси дастури президент, Кумитаи телевизион ва радио барои пахши хабарҳо дар байни муҳоҷирони тоҷик ва умуман тоҷикони бурунмарзӣ бояд сомонаҳои махсус таъсис диҳад.

"Президент аз кори телевизионҳо норозӣ буд"

Иштирокдорони мулоқоти президент мегӯянд, аз сӯҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмон бахубӣ фаҳмида мешуд, ки ӯ аз кори телевизионҳои давлатӣ норозӣ аст.

Як иштирокдори ин вохӯрӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, норозигии аслии президент аз кори расонаҳои давлатӣ бештар аз он буд, ки корашон ба шароити имрӯза ҷавобгӯ нест. Ба қавли ин корманди яке аз телевизионҳои давлатӣ, ки нахост номаш нашр шавад, президент кори шабакаҳои телевизиони "Евронюс" ва "Ал-Ҷазира"-ро мисол овардааст, ки саривақт хабарҳоро пахш мекунанд.

"Президент бо сароҳат гуфт, ки дар Тоҷикистон чунин нест ва хабару гузоришҳо саривақт ва фаврӣ дар телевизионҳои давлатӣ пахш намешаванд",- гуфт як корманди шабакаи телевизионӣ.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин талаб кард, ки иттилооти воқеӣ дар бораи Тоҷикистон саривақт бо забонҳои хориҷӣ тарҷума шуда, пахш шавад. Ба гуфтаи иштирокдорони мулоқот, ҳарчанд президент аз гурӯҳи мушаххасе ном набурд, аммо ишора кард, ки "баъзе гурӯҳҳо дар хориҷ аз кишвар дар бораи Тоҷикистон хабарҳои бардурӯғ нашр мекунанд".

Президент гуфт, ӯро таблиғ накунанд

Масъалаи дигаре, ки Эмомалӣ Раҳмон ба он дахл кардааст, тарғиби худи ӯ тариқи телевизион будааст. Дафтари матбуоти президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аз тарғибу ташвиқи худ тавассути клипҳои мусиқӣ изҳори нигаронӣ карда, дастур додааст, ки ба ҷойи он "талошу заҳматҳои мардуми меҳнаткаш", инъикос шавад.

Сӯҳроб Рауфзода, директори телевизиони "Душанбе" мегӯяд, дар вохӯрӣ ҳамчунин аз он интиқод шуд, ки аксари сомонаҳо ба таблиғи худи вазирону раисони кумитаҳо машғуланд. Дар ҳоле, ки бояд ба ҷойи таблиғи ташвиқ иттилои зарурии соҳаи худро нашр кунанд.

Директори телевизиони "Душанбе" ҳамчунин гуфт, президент дастур дод, ки ҳунармандоне, ки мазмуни сурудашон паст аст, ба эфир роҳ дода нашаванд. Зимнан Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент вазифадор шуд, ки дар масъалаи пахши барномаҳои телевизионӣ мониторинг гузаронад.

"Суруду чакан беҳтар аз хабар?"

Фаъолияти расонаҳои давлатии Тоҷикистон борҳо аз сӯи коршиносон баррасӣ ва интиқод шудааст. Мунаққидон мегӯянд, формати телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ва бахусус дар қисмати хабаррасонӣ модели давраи Шӯравиро ба ёд меорад. Борҳо шудааст, ки аз пӯшиши комилан якҷонибаи хабарҳо ба фоидаи "дастовардҳои кишвар" ва сарфи назар кардан аз камбудиҳо интиқодҳо садо додааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, камбуди аслии телевизионҳои давлатӣ ин заиф будани бахши хабаррасониашон мебошад. Ба гуфтаи Қаршибоев, "телевизионҳои давлатӣ бештар ба рақсу суруду барномаҳои фарҳангӣ диққат медиҳанд. Хабарҳои дархӯри ҷомеа хеле кам ба назар мерасанд, ҳол онки вазифаи асосии онҳо хабаррасонӣ аст. Суруду рақсу чакану иди дастархонроӣ ва боз кадом идҳое, ки мақсад аз онҳо афкори ҷомеаро аз мушкилоти ҷомеа дур кардан аст".

Қаршибоев гуфт, мушкили аслӣ бештар дар бахши идеологияи ҳукумат аст, ки сиёсати расонаҳои давлатиро муайян мекунад. Роҳбари НАНСМИТ даъват нашудани намояндагони ВАО-и хусусӣ ба мулоқоти президентро низ нишони "ҷудоиандозӣ миёни расонаҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ" меномад.

Ҳарчанд мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигорони давлатӣ аз камтарин вохӯриҳои хоси раисҷумҳур бо намояндагони ВАО аст, аммо ин бори аввал нест, ки президент аз кори расонаҳои давлатӣ интиқод мекунад. Қаблан низ Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи ягон телевизион ё радиои давлатӣ аз кори телевизионҳои давлатӣ танқид кард.

Оё вазъи тағйир меёбад?

Раиси ҷумҳур аз хабарнигорон ва бахусус кормандони телевизионҳои кишвар хоста буд, ки ба ҷойи таърифу тавсифи аз ҳад зиёд аз камбудҳои ҷомеа низ бигӯянд. Аммо пас аз ин интиқодҳо низ тағйироти чашмрасе дар кори расонаҳои давлатӣ зоҳир нашуд.

Абдуазим Абдуваҳҳоб, рӯзноманигори тоҷик бо ишора ба ин мегӯяд, дар гумон аст, ки интиқодоти навбатӣ вазъро тағйир диҳад. Зеро ба қавли ин рӯзноманигори тоҷик, мушкили аслии муҳити расонаии тоҷик аз он иборат аст, ки фаъолияти журнализми озод ва расонадории мустақил кафил надорад.

"Вақте расонаҳои озод ва фаъолияти озоди журналистӣ вуҷуд надоранд, дақиқан рақобат ҳам вуҷуд надорад",-гуфт Абдуазим Абдуваҳҳоб.

Дар Тоҷикистон чор шабакаи давлатии ҷумҳуриявӣ фаъол аст, ки барои тарғиби сиёсати давлат кор мекунанд.

https://www.ozodi.org/a/29782302.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима